Ман чаро дил ба ту додам, ки дилам мешиканӣ?

607

Ман чаро дил ба ту додам, ки дилам мешиканӣ?
Ё чӣ кардам, ки нигаҳ боз ба ман менакунӣ?

Дилу ҷонам ба ту машғулу назар дар чапу рост,
То надонанд ҳарифон, ки ту манзури манӣ.

Дигарон чун бираванд аз назар, аз дил бираванд,
Ту чунон дар дили ман рафта, ки ҷон дар баданӣ.

Ту ҳумоию мани хастаи бечора гадой,
Подшоҳӣ кунам, ар соя ба ман барфиканӣ.

Бандаворат ба салом ояму хидмат бикунам,
В-ар ҷавобам надиҳӣ, мерасадат кибру манӣ.

Мард розист, ки дар пои ту афтад чун гӯй,
То бад-он соъиди симин-ш ба чавгон бизанӣ.

Масти бехештан аз хамр залум асту ҷаҳул,
Мастӣ аз ишқ накӯ бошаду бехештанӣ.

Ту бад-ин наъту1 сифат гар бихиромӣ дар боғ,
Боғбон бинаду гӯяд, ки ту сарви чаманӣ.

Ман бар аз шохи умедат натавонам хурдан,
Ғолибуззануяқинам, ки ту бехам биканӣ.

Хони дарвеш ба ширинию чарбӣ бихуранд,
Саъдиё, чарбзабонӣ куну ширинсуханӣ.


1 Ситудагӣ.