Маро дилест ба сад гуна дард парварда

Маро дилест ба сад гуна дард парварда,
Ки рафт ҷони ҷаҳонам видоъ нокарда.

Зи ман гузашт туғофулкунон, намедонам,
Ки табъи нозукаш аз ман чарост озурда.

Зи по фиганд маро ҳаҷри ӯ, мабод он рӯз,
Ки рӯ ба мард кунад ин балои садмарда.

Бувад ба дидаи мардум чу мардуми дида,
Чӣ айб аз он ки шуд аз тоби хур сияҳҷурда1.

Бурун фитода дил аз пардаи шикебу ҳанӯз
Замона то чӣ бурун орад аз паси парда.

Муқаллидон чӣ шиносанд доғи ҳиҷронро,
Хабар зи шуълаи оташ надорад афсурда.

Дареғу дард, ки Ҷомӣ ба хушксоли фироқ,
Зи по фитод, бар аз кишти васл нох(в)арда.


1 Сияҳҷурда – сабзина, гандумгун.