Маро дилест, гирифтори ишқи дилдоре

564

Маро дилест, гирифтори ишқи дилдоре,
Суманбаре, санаме, гулрухе, ҷафокоре.

Ситамгаре, шағабе1, фитнае, дилошӯбе,
Ҳунарваре, аҷабе, турфае, ҷигархоре.

Бунафшазулфе, насринбаре, суманбӯе,
Ки моҳро бари ҳуснаш намонд бозоре.

Ҳумойфарре, товусҳусну тӯтинутқ,
Ба гоҳи ҷилвагарӣ чун тазарврафторе.

Дилам ба ғамзаи ҷоду рабуду дурӣ кард,
Кунун бимондам бе ӯ чу нақши деворе.

Зи васли ӯ чу каноре тамаъ намедорам,
Канора кардаму розӣ шудам ба дидоре.

Зи ҳар чӣ ҳаст, гузир асту ногузир аз дӯст,
Чӣ чора созад дар доми дил гирифторе?

Дар иштиёқи ҷамолаш чунон ҳаменолам,
Чу булбуле, ки бимонад миёни гулзоре.

Ҳадиси Саъдӣ дар ишқи ӯ чу беҳуда-ст,
Назад даме, чу надорад забони гуфторе.


1 Касе, ки шӯру ғавғо барангезад.