Маро меҳри сияҳчашмон зи сар берун нахоҳад шуд

165

Маро меҳри сияҳчашмон зи сар берун нахоҳад шуд,
Қазои осмон аст ину дигаргун нахоҳад шуд.

Рақиб озорҳо фармуду ҷойи оштӣ нагзошт,
Магар оҳи саҳархезон суйи гардун нахоҳад шуд?!

Маро рӯзи азал коре ба ҷуз риндӣ нафармуданд,
Ҳар он қисмат, ки он ҷо рафт, аз он афзун нахоҳад шуд.

Худоро, муҳтасиб, моро ба фарёди дафу най бахш,
Ки сози шаръ аз ин афсона бе қонун нахоҳад шуд.

Маҷоли ман ҳамин бошад, ки пинҳон ишқи ӯ варзам,
Канори бӯсу оғӯшаш, чӣ гӯям, чун нахоҳад шуд.

Шароби лаълу ҷойи амну ёри меҳрубон соқӣ,
Дило, кай беҳ шавад корат, агар акнун нахоҳад шуд?

Машӯй, эй дида, нақши ғам зи лавҳи синаи Ҳофиз,
Ки захми теғи дилдор асту ранги хун нахоҳад шуд.