Маро ошиқ чунон бояд, ки ҳар боре, ки бархезад

206

Маро ошиқ чунон бояд, ки ҳар боре, ки бархезад,
Қиёматҳои пуроташ зи ҳар сӯе барангезад!

Диле хоҳем чун дӯзах, ки дӯзахро фурӯ сӯзад,
Дусад дарё бишӯронад, зи мавҷи баҳр нагрезад!

Фалакҳоро чу мандиле ба дасти хеш дарпечад,
Чароғи лоязолиро чу қандиле даровезад!

Чу шере сӯйи ҷанг ояд, дили ӯ чун наҳанг ояд,
Ба ҷуз худ ҳеч нагзорад ва бо худ низ бистезад!

Чу ҳафсад пардаи дилро ба нури худ бидарронад,
Зи аршаш ин нидо ояд биномезад, биномезад!

Чу ӯ аз ҳафтумин дарё ба кӯҳи Қоф рӯ орад.
Аз он дарё чи гавҳарҳо канори хок даррезад!