Маро, то нуқра бошад, мефишонам

419

Маро, то нуқра бошад, мефишонам,
Туро, то бӯса бошад, меситонам.

Магар фардо ба зиндон мебарандам,
Ба нақд ин соат андар бӯстонам.

Ҷаҳон бигзор, то бар ман сар ояд,
Ки коми дил ту будӣ аз ҷаҳонам.

Чӣ доманҳои гул бошад дар ин боғ,
Агар чизе нагӯяд боғбонам.

Намедонистам аз бахти ҳумоюн,
Ки симурғе фитад дар ошёнам.

Ту ишқ омӯхтӣ дар шаҳр моро,
Биё, то шарҳи он ҳам бар ту хонам.

Суханҳо дорам аз дасти ту дар дил,
Валекин дар ҳузурат безабонам.

Нагӯям, то бидонад душману дӯст,
Ки ман мастию мастурӣ надонам.

Магӯ, Саъдӣ муроди хеш бардошт,
Агар ту сангдил, ман меҳрбонам.

Агар ту, сарви симинтан, бар онӣ,
Ки аз пешам биронӣ, ман бар онам,

Ки то бошам, хаёлат мепарастам,
В-агар рафтам, саломат мерасонам.