Маро хондӣ зи дар, ту ҷастӣ аз бом

556

Маро хондӣ зи дар, ту ҷастӣ аз бом,
Зиҳӣ бозӣ, зиҳӣ бозе, зиҳӣ дом!

Аз он бозӣ, ки ман медонаму ту,
Чи бозиҳо ту пухтастиву ман хом?!

Туйӣ, к-аз макру аз афсуну ваъда,
Чу хоҳӣ, сангу оҳанро кунӣ ром!

Маҳо, бо ин ҳама хешӣ ту чунӣ,
Зи заҳматҳои мо в-аз ҷаври айём?!

Чӣ мепурсам, ту худ чун хуш набошӣ,
Ки дар маҷлис ту дорӣ ҷом бар ҷом!

Маро дар роҳ дӣ дашном додӣ,
Чунин мастам зи ширинии дашном!