Маҳ, ки аз хиҷлати он шамъи шакарлаб бигурехт

Маҳ, ки аз хиҷлати он шамъи шакарлаб бигурехт,
То ки расво нашавад рӯз, шабошаб бигурехт.

Монеи мурғи дил аз тавфи дараш қолаб буд,
Боли ҳиммат заду аз суҳбати қолаб бигурехт.

Доман аз мо ба мулоқоти рақибон дарчид,
Беадаб буд, зи ёрони муаддаб бигурехт.

З-он табибам шуда бемор, ки беморонро
Дарди сар рафт зи дидори ваю таб бигурехт.

Ном дар Мисри муҳаббат ба азизеш нарафт
Ҳар киро Юсуфи дил з-он чаҳи ғабғаб бигурехт.

Тоби хуршеди ҷаҳонтоб кай орад деве,
Ки шаби тира зи рахшидани кавкаб бигурехт.

Шаб, ки ё Раб задам аз ҳаҷри ту, кунгураи арш
Мурғи боми фалак аз новаки ё Раб бигурехт.

Буд бар рӯйи мусаббиб1 зи мусаббаб парда,
Ҷомӣ аз шавқи мусаббиб зи мусаббаб2 бигурехт.


1 Мусаббиб – сабаби сабабҳо.
2 Мусаббаб – сабабнокшуда.