Меравад умри гаронмояву мо ғофил аз ӯ

Меравад умри гаронмояву мо ғофил аз ӯ,
Ваҳ, ки ҷуз меҳнату андӯҳ нашуд ҳосил аз ӯ.

Дилхушӣ чанд, ки мо ҳамсафарони моҳем,
Чун шавад дурии мо беш ба ҳар манзил аз ӯ.

Сохт бе талъати худ рӯзу шаби мо моҳе,
Он кӣ чархи маҳу хуршед бувад маҳмил аз ӯ.

Қоматаш Тӯбиву лаб Кавсару рух талъати Ҳур,
Кӣ бувад, равзаи Фирдавс шуда маҳфил аз ӯ?

Хез, то домани он тозагул орем ба каф,
Чанд чун лола нишинем ба доғи дил аз ӯ.

Шуд бурун сели сиришк аз ҳаду наздик расид,
Ки пазирад халал ин сурати обу гил аз ӯ.

Ҷомӣ аз зуҳду вараъ мушкили ишқат накушуд,
Ҷоми май гир, магар ҳал шавад ин мушкил аз ӯ.