Бирез, ай ҳаҷр, хунам, чанд сӯзӣ ҷони ман бе ӯ

Бирез, ай ҳаҷр, хунам, чанд сӯзӣ ҷони ман бе ӯ,
Маро сад бор мурдан беҳ, ки як дам зистан бе ӯ!

Насимо, сӯйи ӯ кун раҳ, бибар ҳамроҳи худ ҷонро,
Ки ҷон он ҷо расад боре, агар монад бадан бе ӯ.

Мазоқи ҷони Ширин чошнии ҳаҷр нодида,
Чӣ донад талхии айше, ки дорад Кӯҳкан бе ӯ.

Зи ҳар гул мехалад дар сина хоре бе гули рӯяш,
Чӣ мехонӣ маро, ай боғбон, сӯйи чаман бе ӯ?

Мапурс, ай ҳамнишини меҳрбон, шарҳи ғами ҳиҷрон,
Забони ман зи кор афтода, натвонам сухан бе ӯ.

Ҳама офоқро донам, ки сӯзи ман шавад равшан,
Зи бас чун шамъ гирям зор дар ҳар анҷуман бе ӯ.

Аз он маҳ монд Ҷомӣ, ай аҷал, тороҷи умраш кун,
Ки он мискин ба ҷон аст аз ҳаёти хештан бе ӯ.