Номаи сарбаста омад ғунчаву мазмуни ӯ

Номаи сарбаста омад ғунчаву мазмуни ӯ –
Ҳасби ҳоли булбулу шарҳи дили пурхуни ӯ.

Қасди Лайлӣ бошад аз ҷаъди мусалсал арзи ҳусн,
З-он чӣ ғам дорад, ки гардад бедиле Маҷнуни ӯ.

Хизрро хоҳӣ, ки бинӣ бар лаби Оби Ҳаёт,
Хатти сабзаранг бин гирди лаби майгуни ӯ.

Чун ба мизони латофат нест вазне сарвро,
Чанд худро баркашад пеши қади мавзуни ӯ?

Он Масеҳодам шифои ранҷи мо донад, вале
Нест тадбири илоҷи аҳли дил қонуни ӯ.

Гарчи дар ҳастӣ даҳонаш аз сари мӯе кам аст,
Як сари мӯ кам мабодо ҳусни рӯзафзуни ӯ!

Гӯ: – Макаш, Ҷомӣ, дар афсуни сухан беҳуда ранҷ,
К-он парирухро фароғат бинам аз афсуни ӯ.