Мерасад бӯйи ҷигар аз ду лабам

604

Мерасад бӯйи ҷигар аз ду лабам,
Мебарояд дудҳо аз ёрабам!

Мебинолад осмон аз оҳи ман,
Ҷонсупурдан ҳар даме шуд мазҳабам!

Андаке донистие аз ҳоли ман,
Гар хабар будӣ шабатро аз шабам!

Мактаби таълими ошиқ оташ аст,
Ман шабу рӯз андаруни мактабам!

Рӯйи худ бар рӯйи зарди ман биниҳ,
Даст ниҳ бар синаам, к-андар табам.

Гуфтамаш: «Гӯям ба гӯшат як сухан!»,
Гуфт: «Тарсам, то насӯзад ғабғабам!».

Гуфтамаш: «Дур аз ҷамолат чашми бад!
Чашми ман наздик, агарчи муъҷабам!».