Монда шудаст гӯши ман аз пайи интизори он

664

Монда шудаст гӯши ман аз пайи интизори он,
К-аз тарафе садои хуш даррасадӣ зи ногаҳон!

Хӯй шудаст гӯшро, гӯши таронанӯшро,
К-ӯ шунавад самоъи хуш ҳам зи замин, ҳам осмон!

Фаръи самоъи осмон ҳаст самоъи ин замин
В-он ки самоъи тан бувад, фаръи самоъи ақлу ҷон!

Наъраи раъдро нигар, чӣ асар аст дар шаҷар,
Чанд шукуфаву самар сар зада андар он фиғон?!

Бонг расид дар адам, гуфт адам: «Бале, наъам,
Ман ниҳам он тараф қадам тозаву сабзу шодмон!»

Мустамиъи аласт шуд, пойдавону маст шуд,
Нест буд ӯву ҳаст шуд, лолаву беду займарон!