Мо ба роҳи талаби васли ту наъл афгандем

Мо ба роҳи талаби васли ту наъл афгандем
В-аз лаби лаъли ту дандони тамаъ баркандем.

Даври паргори фалак расми ҷудоӣ ангехт,
То дар ин доира кай боз ба ҳам пайвандем.

Кас гирифтор мабодо ба мулоқоти рақиб,
Написандем ба кас, он чи ба худ напсандем.

Бо ту будем чу тан ҳамнафаси ҷон якчанд,
Зинда акнун ба мададгории он якчандем.

Остинҳо зи ду соид бувадат сарраи сим,
Даст бикшой, ки бас муфлису ҳоҷатмандем.

Нест баҳри ғаразе будани мо дар кӯят,
Бо сагони ту ба занҷири иродат бандем.

Дӣ гузаштӣ ба ману сояи сарви ту фитод,
Мо чу Ҷомӣ зи висолат ба ҳамин хурсандем.