Муаллим, гӯ мадеҳ таълими бедод он парирӯро

Муаллим, гӯ мадеҳ таълими бедод он парирӯро,
Ки ҷуз хӯйи накӯ лоиқ набошад рӯйи некӯро.

Маро чашми накӯйӣ буд аз он бадхӯ, чӣ донистам,
Ки хоҳад гӯш кардан дар ҳақи ман қавли бадгӯро.

Рақибо, чун ба раҳ мебиниям афтода, раҳме кун,
Яке з-ин сӯ хиромон бигзарон он сарви дилҷӯро.

Агар пойи сагаш мебӯсам, ай носеҳ, мазан таъна,
Ки ман рӯзе ба кӯйи ошноӣ дидаам ӯро.

Ба ҷойи ҳар сари мӯ бар тани ман бод сад ништар,
Агар хоҳам зи дарди дӯст холӣ як сари мӯро.

Наяфтодӣ миёни хоку хун ҳар дам, агар будӣ
Ба роҳаш рӯйи афтодан сиришки бераҳу рӯро.

Чунин ошуфтаву расво ба кӯйи ӯ марав, Ҷомӣ,
Мабодо, к-аз ту ор ояд сагони он сари кӯро.