Мутрибо, дар пеши шоҳон чун шудастӣ пардадор

375

Мутрибо, дар пеши шоҳон чун шудастӣ пардадор,
Бармадор андар ғазал ҷуз пардаҳои шоҳвор!

Бандагоншон дилхушону бандагишон бенишон,
Хонҳошон бехамиру бодаҳошон бехумор!

Дидаи бинои мутлақ дар миёни халқу Ҳақ,
Аз ҳама халқаш гурезу бар ҳама фармон гузор!

Ҳамчу хур оламфурӯзу ҳамчу гардун сарфароз,
Ҳам калиди ҳашт ҷаннат, ҳам бурун аз панҷу чор!

Саҷда орад пеши эшон бонамозу бенамоз,
Пеши эшон сабз гардад шӯрахоку сабзазор!