Муғаннӣ ба овози чангу чағона

Муғаннӣ ба овози чангу чағона,
Чӣ хуш гуфт вақти сабуҳ ин тарона,

Ки, ай хоҷа, бархез, к-анфоси умрат
Бувад мояи давлати ҷовидона.

Дар ин базмгаҳ чанд ғофил нишинӣ
Зи савту ағониву1 ҷоми муғона.

Мабош аз майи лаъл ғофил замоне,
Ки пайдост поёни кори замона.

Ғанимат шумар рӯзи ишрат, кӣ донад,
Ки рӯзи дигар зинда бошем, ё на?

Ба ҳар хона, к-аз дӯст ёбам нишоне,
Натобам сари хидмат аз остона.

Ба Каъба марав, Ҷомӣ, аз хонаи худ,
Ки холӣ набошад аз ӯ ҳеҷ хона.


1 Ағонӣ – ҷамъи ағния, сурудҳо.