Мӯят раҳо макун, ки чунин бар ҳам уфтад

158

Мӯят раҳо макун, ки чунин бар ҳам уфтад,
К-ошӯби ҳусни рӯи ту дар олам уфтад.

Гар дар хаёли халқ паривор бигзарӣ,
Фарёд дар ниҳоди банӣ Одам уфтад.

Афтодаи ту шуд дилам, эй дӯст, даст гир,
Дар пой мафканаш, ки чунин дил кам уфтад.

Дар рӯят он ки теғи назар мекашад ба ҷаҳл,
Монанди ман ба тири бало муҳкам уфтад.

Машкан дилам, ки ҳуққаи1 рози ниҳони туст,
Тарсам, ки роз дар кафи номаҳрам уфтад.

Вақт аст, агар биёию лаб бар лабам ниҳӣ,
Чандам ба ҷустуҷӯи ту дам бар дам уфтад?

Саъдӣ, сабур бош бар ин реши дарднок,
Бошад, ки иттифоқи яке марҳам уфтад.


1 Зарфи кӯчаке, ки дар он ҷавоҳиру ашёи дигар гузоранд.