Нагӯям, обу гил аз он вуҷуди рӯҳонӣ

616

Нагӯям, обу гил аз он вуҷуди рӯҳонӣ,
Бад-ин камол набошад ҷамоли инсонӣ.

Агар ту обу гилӣ ҳамчунон ки соири халқ,
Гили биҳишти мухаммар1 ба оби ҳайвонӣ.

Ба ҳар чӣ хубтар андар ҷаҳон назар кардам,
Ки гӯямаш ба ту монад, ту хубтар донӣ.

Вуҷуди ҳар кӣ нигаҳ мекунам зи ҷону ҷасад,
Мураккаб асту ту аз фарқ то қадам ҷонӣ.

Гарат дар оинаи симои хеш дил бибарад,
Чу ман шавию ба дармони хеш дармонӣ.

Диле ки бо сари зулфат тааллуқе дорад,
Чӣ гуна ҷамъ шавад бо чунин парешонӣ?

Маро, ки пеши ту иқрори бандагӣ кардам,
Равост, гар бинавозию гар биранҷонӣ.

Вале хилофи бузургон, ки гуфтаанд, макун
Бикун, ҳар он чи бишояд, на ҳар чӣ битвонӣ?

Тамаъ мадор, ки аз доманат бидорам даст,
Ба остини малоле, ки бар ман афшонӣ.

Фидои ҷони ту, гар ман фидо шавам чӣ шавад?
Барои ид бувад гӯсфанди қурбонӣ.

Равони равшани Саъдӣ, ки шамъи маҷлиси туст,
Ба ҳеч кор наёяд, гараш насӯзонӣ.


1 Сиришта, хамиршуда.