Наргисосо чу сар аз хок бадар хоҳам кард

Наргисосо чу сар аз хок бадар хоҳам кард,
Баҳри риндон қадаҳ аз косаи сар хоҳам кард.

То вазад бар гули рухсори ту гаҳ-гаҳ ҷонро,
Сӯйи ту ҳамнафаси боди саҳар хоҳам кард.

Дида аз сӯзани мижгон ба рухат хоҳам дӯхт
В-аз ҷамоли дигарон қатъи назар хоҳам кард.

Соидам риштаи зар шуд зи ғамат зору низор,
Гар диҳад даст, ба гирди ту камар хоҳам кард.

Тоби тири ту надорам, ки расад бар дигарон,
Пас аз ин пеши ҳама сина сипар хоҳам кард.

Чанд бар фарқи рақибон ба вафо молӣ даст,
Хок аз дасти ҷафои ту ба сар хоҳам кард.

Ҷомиям ман, ҳунарам ишқ, гар аз айби касон
Даст аз ин кор бидорам, чӣ ҳунар хоҳам кард?