Натонӣ омадан ин роҳ бо ман

695

Натонӣ омадан ин роҳ бо ман,
Куҷо дорад ҳариса1 пойи равған?!

Вале ҳамроҳиву бо ту бисозам,
Ки чашми ман ба рӯйи туст равшан!

Чу аз роҳат бибурдам, шарт набвад
Миёни роҳ тарки дӯст кардан!

Бағалҳоят бигирам ҳамчу пирон,
Чу тифлонат ниҳам гоҳе ба гардан!

Чу одам тавба кун аз хӯшачинӣ,
Чу киштӣ базр, они туст хирман!

Даҳон барбанд, гӯши фаҳм баста-ст,
Магӯ чизе, ки менояд ба гуфтан!


1 Як навъ хӯроки часпак.