На он шерам, ки бо душман бароям

545

На он шерам, ки бо душман бароям,
Маро ин бас, ки ман бо ман бароям!

Чу хоки пойи ишқам, ту яқин дон,
К-аз ин гил чун гулу савсан назоям!

Сияҳпӯшам чу шаб ман аз ғами ишқ
В-аз ин шаб чун маҳи равшан бароям!

Аз ин оташ чу дудам ман саросар,
Ки то чун дуд аз ин равзан бароям!

Манам тифле, ки ишқам устод аст,
Бинагзорад, ки ман кавдан1 бароям!

Шавам чун ишқ дойим ҳаййи қайюм,
Чу ман аз хобу аз хӯрдан бароям!

Ҳало, тан зан чу Бӯбакри рубобӣ,
Ки то ман ҷон шавам в-аз тан бароям!


1 Нодон, кундфаҳм.