Ногаҳон парда барандохтаӣ, яъне чӣ?

420

Ногаҳон парда барандохтаӣ, яъне чӣ?
Маст аз хона бурун тохтаӣ, яъне чӣ?

Зулф дар дасти сабо, гӯш ба фармони рақиб,
Ончунон бо ҳама дарсохтаӣ, яъне чӣ?

Шоҳи хубонию манзури гадоён шудаӣ,
Қадри ин мартаба нашнохтаӣ, яъне чӣ?

На сари зулфи худ аввал ту ба дастам додӣ?!
Бозам аз пой дарондохтаӣ, яъне чӣ?

Суханат рамзи даҳон гуфту камар сирри миён,
В-аз миён теғ ба мо охтаӣ, яъне чӣ?

Ҳар кас аз муҳраи меҳри ту ба нақше машғул,
Оқибат бо ҳама каҷ бохтаӣ, яъне чӣ?

Ҳофизо, дар дили тангат чу фурӯ омад ёр,
Хона аз ғайр напардохтаӣ, яъне чӣ?