Омадам ман бе дилу ҷон, ай писар

387

Омадам ман бе дилу ҷон, ай писар,
Ранги ман бин, нақш бархон, ай писар!

Не, ғалат, ман н-омадам, ту омадӣ
Дар вуҷуди банда пинҳон, ай писар!

Ҳамчу зар як лаҳза дар оташ биханд,
То бибинӣ бахти хандон, ай писар!

Дар хароботи дилам андешаҳост,
Дарҳам афтода чу мастон, ай писар!

Пой дору шӯри мастон гӯш дор
Дар шикасту ҷасти дарбон, ай писар!

Омадам в-овардамат ойинае,
Рӯй бину рӯ магардон, ай писар!

Куфри ман ойинаи ӣмони туст,
Бингар андар куфри ӣмон, ай писар!

Мезанам ман наъраҳо дар хомушӣ,
Омадам Хомӯши гӯён, ай писар!