Омадастем, то чунон гардем

641

Омадастем, то чунон гардем,
Ки чу хуршед ҷумла ҷон гардем!

Мӯнису ёри ғамгинон бошем,
Гулу гулзори хокиён гардем!

Чанд касро наем хос чу зар,
Бар ҳама ҳамчу баҳру кон гардем!

Ҷон намоем ҷисми оламро,
Қурратулъайни дидагон гардем!

Чун замин нестем яғмогоҳ,
Эману хуш чу осмон гардем!

Ҳар ки тарсон бувад чу тарсоён,
Ҳамчу имон бар ӯ амон гардем!

Ҳин, хамуш кун, аз он ҳам афзунем,
Ки бар алфозу бар забон гардем!