Омад хазони умру маро гуна зард кард

Омад хазони умру маро гуна зард кард,
Бар хотирам ҳавои гулу сабза сард кард.

Осудагӣ ба хоб надид он ки такягоҳ
Аз гирди болиши фалаки тезгард кард.

Ғарра машав, ки хоҷа ба некӣ ситоядат,
Бадмардии замона туро некмард кард.

Фард аст ёру майли дилаш ҳаст сӯйи фард,
Хуш он ки хотир аз ҳама ағёр фард кард.

З-он офтоб баҳра ҷуз он гармрӯ наёфт,
К-ӯ борагӣ1 зи ҳиммати гардуннавард кард.

Гар кард хун дилам, чу забон аз сухан бибаст,
Бо ӯ киро маҷоли сухан, ҳар чӣ кард, кард.

Ҷомӣ, чу нест маънии рангин ҳасудро,
Тазйини2 шеъри худ ба зару лоҷвар кард.


1 Борагӣ – асп.
2 Тазйин – зебу зинат додан, оро додан.