Хуррам дили онҳо, ки ба майхона нишастанд

Хуррам дили онҳо, ки ба майхона нишастанд
В-аз васвасаи хонақаҳу мадраса растанд.

Чун ҷомаи мо пардаи тақво бидариданд,
Чун тавбаи мо хомаи фатво бишикастанд.

Ғам ёру бало мӯнису андӯҳ надим аст,
Ай дил, ту куҷоӣ, ки ҳарифон ҳама ҳастанд!

Бар буткада бигзар гираҳи зулф кушода,
То рӯйи ту бинанду дигар бут напарастанд.

Мастон, чӣ аҷаб, гар ба замин ҷуръа фишонанд,
Хуни дили мо ҷуръаву чашмони ту мастанд.

Пеши ту чӣ гӯям сухани Сидраву Тӯбӣ,
Бихром, ки бо қадди баландат ҳама пастанд.

Ҷомӣ, ҳарами Каъба мақоми ҳама кас нест,
Ин бас, ки дари дайр ба рӯйи ту набастанд.