Ҳалқаи гӯши туро ҳар кӣ бад-ин лутф бидид

Ҳалқаи гӯши туро ҳар кӣ бад-ин лутф бидид,
Ҳалқаи бандагии ишқи ту дар гӯш кашид.

Ҳалқаи гӯши туро то шудаам ҳалқабагӯш,
Ҳалқасон кори маро пою саре нест падид.

Гӯшат, ай симбар, аз ҳалқаи зар гашт гарон,
Ҷойи он дорад, агар нолаи моро нашунид.

Монд дар ҳалқаи гӯши ту гирифтор дилам,
Гарчи бисёр аз он роҳи бурун шуд, талабид.

Зар шуд аз ҳалқаи гӯши ту маро чеҳра, вале
Натавон гавҳари васли ту бад-ин ваҷҳ харид.

Ҳар куҷо ҳалқа заданд аҳли малоҳат, чу дилам
Ҳалқаи гӯши туро дида аз он ҳалқа рамид.

Гӯш кун, гӯш, ки аз бори ғами фурқати ту,
Ҳалқа шуд қомати Ҷомию ба гӯшат нарасид.