Он ки берун аз ҷаҳон буд, дар ҷаҳон овардамаш

434

Он ки берун аз ҷаҳон буд, дар ҷаҳон овардамаш,
В-он кӣ мекард ӯ карона, дар миён овардамаш!

Он ки ишва кори ӯ буд, ишвае бинмудамаш,
В-он ки аз ман сар кашидӣ, кашкашон овардамаш!

Он ки ҳар субҳе тақозо мекунад ҷонро зи ман,
Аз тақозо бар тақозо ман ба ҷон овардамаш!

Ҷони саргардон, ки гум шуд дар биёбони фироқ,
Аз биёбонҳо суйи доруламон овардамаш!

Гуфт ҷон: «Ман менаёям, то бинанмойӣ нишон,
Ку нишон, ку муҳри султон?! Ман нишон овардамаш!

Миҳрбонӣ кардан ин бошад, ки бастам дасти дузд,
Дастбаста пеши мири миҳрбон овардамаш!

Чунки як гӯша ридои Мустафо омад ба даст,
Он ки буд дар қаъри дӯзах, дар ҷинон овардамаш!