Он мутриби мо хуш асту чангаш

432

Он мутриби мо хуш асту чангаш,
Девона шавад дил аз тарангаш!

Чун чанг занад яке, ту бингар,
К-аз лутф чӣ гуна гашт рангаш!

Гар танг ойӣ зи зиндагонӣ,
Барҷаҳ, ба канор гир тангаш!