Он турки паричеҳра, ки дӯш аз бари мо рафт

82

Он турки паричеҳра, ки дӯш аз бари мо рафт,
Оё чӣ хато дид, ки аз роҳи хато рафт?

То рафт маро аз назар он нури ҷаҳонбин,
Кас воқифи мо нест, ки аз дида чиҳо рафт.

Бар шамъ нарафт аз гузари оташи дил дӯш
Он дуд, ки аз сӯзи ҷигар бар сари мо рафт.

Дур аз рухи ту дам ба дам аз чашмаи чашмам
Селоби сиришк омаду тӯфони бало рафт.

Аз пой фитодем, чу омад ғами ҳиҷрон,
Дар дард бимурдем, чу аз даст даво рафт.

Дил гуфт: «Висолаш ба дуо боз тавон ёфт»,
Умрест, ки умрам ҳама дар кори дуо рафт.

Эҳром чӣ бандем, чу он қибла на ин ҷост,
Дар саъй чӣ кӯшем, чу аз Марва Сафо рафт?

Дӣ гуфт табиб аз сари ҳасрат, чу маро дид:
«Ҳайҳот, ки ранҷи ту зи «Қонун»-и «Шифо» рафт».

Эй дӯст, ба пурсидани Ҳофиз қадаме неҳ,
З-он пеш, ки гӯянд, ки аз дори фано рафт.