Он шакарпосух наботам медиҳад

290

Он шакарпосух наботам медиҳад
В-он ки куштастам, ҳаётам медиҳад!

Он ки дар дарёи хунам ғарқа кард,
Юнуси вақтам, наҷотам медиҳад!

Дар сифоти ӯ сифотам нест шуд,
Ҳам сафову ҳам сифотам медиҳад!

Рахтро бурду маро дарвеш кард,
Нак зи ёқутам закотам медиҳад!

Асби ман бистад, пиёда мондаам,
В-аз ду рух он шоҳ мотам медиҳад!

Кӯҳи Тур аз шоҳмоташ пора шуд,
Ман кам аз коҳам, саботам медиҳад!

Моҳи иди рӯза васлаш хостам,
Аз шаби ҳиҷрон баротам медиҳад!

Чун бурун аз шаш ҷиҳат буд ганҷи ишқ,
З-он ҷиҳат бе ин ҷиҳотам медиҳад!