Панҷа бо соъиди симин, ки наяндозӣ, беҳ

487

Панҷа бо соъиди симин, ки наяндозӣ, беҳ,
Бо тавонои муарбид накунӣ бозӣ, беҳ.

Чун дилаш додию меҳраш ситадӣ, чора намонд,
Агар ӯ бо ту насозад, ту ба ӯ созӣ, беҳ,

Ҷуз ғами ёр махур, то ғами корат бихурад,
Ту ки бо маслиҳати хеш напардозӣ, беҳ.

Сипари сабр таҳаммул накунад тири фироқ,
Бо камонабру агар ҷанг наёғозӣ, беҳ.

Бо чунин ёр, ки мо ақди муҳаббат бастем,
Гар ҳама моя зиён мекунад, анбозӣ беҳ.

Бандаро бар хати фармони Худованди умур
Сари таслим ниҳодан зи сарафрозӣ беҳ.

Гар чу чангам бизанӣ, пеши ту сар бар накунам,
Инчунин ёри вафодор, ки бинвозӣ, беҳ.

Ҳеч шак нест ба тири аҷал, эй ёри азиз,
Ки ман аз пой дароям, чу ту андозӣ, беҳ.

Маҷлиси мо дигар имрӯз ба бустон монад,
Мутриб аз булбули ошиқ ба хушовозӣ беҳ.

Гӯш бар нолаи мутриб куну булбул бигузор,
Ки нагӯяд сухан аз Саъдии Шерозӣ, беҳ.