Парер он чиҳраи ёрам чи хуш буд

242

Парер он чиҳраи ёрам чи хуш буд,
Итобу нози дилдорам чи хуш буд!

Ба ёдам нест ҳеч он моҷароҳо,
Валекин з-ин хабардорам, чи хуш буд!

Дар он базму дар он ҷамъу дар он айш
Миёни боғу гулзорам чи хуш буд!

Агарчи масти ҷоми ишқ будам,
Рухи маъшуқи ҳушёрам чи хуш буд!