Пас аз мурдан ба хоки ман гузар кун, ғамгусори ман

Пас аз мурдан ба хоки ман гузар кун, ғамгусори ман,
Бибин сад ҳарфи ғам дар ҳар хат аз лавҳи мазори ман.

Ба кӯят баски оҳи оташин аз дил баровардам,
Сагатро доғҳо монда-ст бар ҷон ёдгори ман.

Набинад кас фурӯғи меҳрро то ҳашр, агар ногаҳ
Фитад бар рӯйи рӯз ин сояи шабҳои тори ман.

Фуруд ояд шабе ин кулбаи ғам бар сарам, з-ин сон,
Ки тӯфон мекунад дар гиря чашми ашкбори ман.

Ба хоки ман чу бод ар бигзарӣ, ай ҷон, пас аз умре
Барат сад достони ғам фурӯ резад ғубори ман.

Худоро, шаҳсаворо, беш аз ин ҷавлон мадеҳ тавсан,
Ки шуд якборагӣ аз каф инони ихтиёри ман.

Зи ишқат мурд мискин Ҷомию н-омад туро дар дил,
Ки буд афтода рӯзе бедиле бар раҳгузори ман.