Паём кард маро бомдод баҳри асал

478

Паём кард маро бомдод баҳри асал,
Ки мавҷ-мавҷи асал бин ба чашми халқ ғазал!

Ба рӯзадор наояд зи об ҷуз бонге,
Валек оқибат он бонг ҳам расад ба амал!

Самоъ шарфаи об асту ташнагон дар рақс,
Ҳаёт ёбӣ аз ин бонги об ақалла ақал!

Бигӯяд об: «Зи ман рустайӣ, ба ман ойӣ,
Ба охир он ҷо ойӣ, ки будайӣ аввал!

Ба ҷону сар, ки аз ин об бар сар ар резад,
Ҳазор турра бирӯяд зи мушк бар сари кал!

Шаробхор, ки н-омехт бо шароб ин об,
Кашад хумори паёпай, ту бош лотаъҷал!