Рухат, ки ҳамчу гул аз тоби май арақ карда

Рухат, ки ҳамчу гул аз тоби май арақ карда,
Ҳазор ҷомаи ҷонро чу ғунча шақ1 карда.

Зи лутфи ту варақе хонд андалеб ба боғ,
Насим дафтари гулро варақ-варақ карда.

Ҳақ аст бар ту маро бӯсае, бувад ҳаргиз,
Ки бинамат зи лаби худ адои ҳақ карда.

Ба дарси ишқ дилам з-он гирифт бар ҳама сабқ2,
Ки умр дар сари такрори он сабақ карда.

Туро чӣ баҳра расонад зи Ҳақ, ки воизи шаҳр
Дақиқае, ки баён карда, баҳри дақ3 карда.

Зи акси меҳри рухат сурхрӯиям ин бас,
Ки оби чашми маро сурх чун шафақ карда.

Ба нузли4 хомаи Ҷомӣ, ки коғазаш табақ аст,
Даҳон кушой, ки баҳри ту бар табақ карда.


1 Шақ кардан – чок кардан, пора намудан.
2 Сабқ – пешдастӣ.
3 Дақ кардан – таъна задан, маломат намудан.
4 Нузл – баракат.