Рӯйи ту чун рӯйи мор, хӯйи ту заҳри қадид

318

Рӯйи ту чун рӯйи мор, хӯйи ту заҳри қадид1,
Ай хунук онро, ки ӯ рӯйи шуморо надид!

Ман шуда миҳмони ту, дар чамани ҷони ту
Пой пур аз хор шуд, даст яке гул начид!

Ай масали хорпушт гирди ту хори дурушт,
Хори ту моро бикушт, мори ту моро газид!

Бо ту мувофиқ шудам, бо ту мунофиқ шудам,
Бар даба2 ошиқ шудам, дар даба зайти палид!


1 Куҳна.
2 Зарфи равған.