Сарви чаман пеши эътидоли ту паст аст

54

Сарви чаман пеши эътидоли ту паст аст,
Рӯи ту бозори офтоб шикастаст.

Шамъи фалак бо ҳазор машъали анҷум1
Пеши вуҷудат чароғи бознишастаст.

Тавба кунад мардум аз гуноҳ ба шаъбон,
Дар рамазон низ чашмҳои ту маст аст.

Ин ҳама зӯроварию мардию шерӣ
Мард надонад, ки аз каманди ту ҷастаст.

Ин яке аз дӯстон ба теғи ту куштаст,
В-он дигар аз ошиқон ба тири ту хастаст.

Дида ба дил мебарад ҳикояти Маҷнун,
Дида надорад, ки дил ба меҳр набастаст.

Дасти талаб доштан зи домани маъшуқ
Пеши касе гӯ, к-иш ихтиёр ба даст аст.

Бо чу ту рӯҳоние тааллуқи хотир
Ҳар кӣ надорад, давоби нафспараст аст.

Мункири Саъдӣ, ки завқи ишқ надорад,
Найшакараш дар даҳони талх кабаст2 аст.


1 Ситораҳо.
2 Харбузаи талх, ҳанзал.