Саҳар булбул ҳикоят бо сабо кард

130

Саҳар булбул ҳикоят бо сабо кард,
Ки ишқи рӯи гул бо мо чиҳо кард?

Аз он ранги рухам хун дар дил андохт
В-аз ин гулшан ба хорам мубтало кард.

Ғуломи ҳиммати он нозанинам,
Ки кори хайр бе рӯю риё кард.

Ман аз бегонагон дигар нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

Гар аз султон тамаъ кардам, хато буд
В-ар аз дилбар вафо ҷустам, ҷафо кард.

Хушаш бод он насими субҳгоҳӣ,
Ки дарди шабнишинонро даво кард.

Ниқоби гул кашиду зулфи сунбул,
Гиреҳбанди қабои ғунча во кард.

Ба ҳар сӯ булбули ошиқ дар афғон,
Танаъъум аз миён боди сабо кард.

Башорат бар ба кӯи майфурӯшон,
Ки Ҳофиз тавба аз зуҳди риё кард.

Вафо аз хоҷагони шаҳр бо ман
Камоли давлату дин Булвафо кард.