Соқиву сирдиҳе зи лаби ёрам орзуст

139

Соқиву сирдиҳе зи лаби ёрам орзуст,
Бадмастие зи наргиси хамморам орзуст!

Ҳиндуи турраат чи расанбоз лӯлиест,
Лӯлигарии турраи таррорам орзуст!

Андар дилам зи ғамзаи ғаммоз фитнаҳост,
Фитнанишони ҷодуи беморам орзуст!

З-он рӯ, ки ғадрҳову дағоҳош бас хуш аст,
Ғадраш маро бисӯзад, ғаддорам орзуст!

З-он шамъи беназир, ки дар ломакон битофт,
Парвонавор сӯхтаи ҳамворам орзуст!

Гулзори ҳусн, рӯ бикушо, з-он ки аз рухат
Маҳ шармсор гаштаву гулзорам орзуст!

Баъд аз чаҳор сол нишастем ду ба ду,
Як раҳ ба кӯйи васли ту дучорам орзуст!

Инкор кард ақли ту в — ин кор карда ишқ,
Инкор суд нест, чун ин корам орзуст!

Ронем болиши шаҳу роне ба захми мор,
Бо Мустафои ҳусн — дар он ғорам орзуст!

Тотор ҳаҷр кард, сиёҳиву анбаре
З — он мушкҳои оҳуи тоторам орзуст!

Борест бар дилам, ки маро ҳеч бор нест,
Ай шоҳ, бор диҳ, ки яке борам орзуст!

Ор аст, ай хафош, туро нози офтоб,
Сад саҷда ман бикарда бар он орам орзуст!

Бо дор — дори ваъдаи васлат расид сабр,
Ҳиҷрон ду чашм баставу бар дорам орзуст!

Ҳаст ин сипоҳи ишқи ту ҷонсӯзу дилфурӯз,
В-андар сипоҳ ишқи ту солорам орзуст!

Даҷҷоли ҳаҷр бар сарам аз ғам қиёмат аст,
Лобуд фусуни Исиву тиморам орзуст!

Макре бикард бандаву макре бикард васл,
Аз макр тавба кардаму маккорам орзуст!

То сӯйи гулшани тараб оям харобу маст,
Аз гулшани висоли ту як хорам орзуст!

З-он турраҳои зулф камар соз бандаро,
К-аз шаҳр даррамидаму куҳсорам орзуст!

Мӯсии ҷон бидид дарахте зи нури нор,
Он шуълаи дарахту аз он норам орзуст!

Табрез чун биҳишт зи дидори Шамси дин,
Андар биҳишт рафтаву дидорам орзуст!