Соқиё, чун маст гаштӣ, хешро бар ман бизан

715

Соқиё, чун маст гаштӣ, хешро бар ман бизан,
Зикри фардо нася бошад, насяро гардан бизан!

Сол соли мосту, толиъ толиъи Зуҳра-сту Моҳ,
Ай дил, ин айшу тараб ҳадде надорад, тан бизан!

То даруни сангу оҳан тобишу шодӣ расид,
Гар туро бовар наёяд, санг бар оҳан бизан!

Бингар андар мизбону дар рухаш шодӣ бибин,
Бар сари ин хон нишину коса дар равған бизан!

Ақли зиракро барору паҳлуйи шодӣ нишон,
Ҷони равшанро сабук бар бодаи равшан бизан!

Шохаҳо сармасту рақсонанд аз боди баҳор,
Ай суман, мастӣ куну ай сарв, бар савсан бизан!

Ҷомаҳои сабз бибриданд бар дуккони ғайб,
Хез, ай хайёт, биншин бар дукон, сӯзан бизан!