Соқӣ, биё, ки шуд қадаҳи лола пур зи май

429

Соқӣ, биё, ки шуд қадаҳи лола пур зи май,
Томот то ба чанду хурофот то ба кай?

Бигзар зи кибру ноз, ки дидаст рӯзгор
Чини қабои Қайсару тарфи кулоҳи Кай.

Ҳушёр шав, ки мурғи чаман маст гашт, ҳон!
Бедор шав, ки хоби адам дар пай аст, ҳай!

Хуш нозукона мечамӣ, эй шохи навбаҳор,
К-ошуфтагӣ мабодат аз ошӯби боди дай!

Бар меҳри чарху шеваи ӯ эътимод нест,
Эй вой бар касе, ки шуд эмин зи макри вай!

Фардо шароби Кавсару ҳур аз барои мост,
В-имрӯз низ соқии маҳрӯю ҷоми май!

Боди сабо зи аҳди сибо ёд медиҳад,
Ҷондоруе, ки ғам бибарад, дардеҳ, эй субай!*

Ҳашмат мабину салтанати гул, ки биспарад
Фарроши бод ҳар варқашро ба зери пай.

Дардеҳ ба ёди Ҳотами Тай ҷоми якманӣ,
То номаи сиёҳи бахилон кунем тай.

З-он май, ки дод ҳусну латофат ба арғавон,
Берун фиганд лутфи мизоҷ аз рухаш ба хай.

Маснад ба боғ бар, ки ба хидмат чу бандагон
Истодааст сарву камарбаста аст най.

Ҳофиз, ҳадиси сеҳрфиреби хушат расид
То ҳадди Мисру Чину ба атрофи Руму Рай.

* Субай – саббӣ: кӯдаки хурдсол, мурод муғбача ё тарсобача.