Сӯфӣ чаро ҳушёр шуд, соқӣ чаро бекор шуд?!

182

Сӯфӣ чаро ҳушёр шуд, соқӣ чаро бекор шуд?!
Масте агар дар хоб шуд, масти дигар бедор шуд?!

Хуршед агар дар гӯр шуд, олам зи нав пурнур шуд,
Чашми хушат махмур шуд, чашми дигар хаммор шуд!

Гар айши аввал пир шуд, сад айши нав тавфир шуд,
Чун зулфи ту занҷир шуд, девонагӣ ночор шуд!

Ай мутриби шириннафас, ишрат нигар аз пешу пас,
Кас нашнавад афсуни кас, чун воқифи асрор шуд!

Мо Мӯсиему ту, маҳо, гоҳе асо, гаҳ аждаҳо,
Ай шоҳидон, арзонбаҳо чун ғорати Булғор шуд!

Лаълат шакарҳо кӯфта, чашмат зи рашк омӯхта,
Ҷон хонаи дил рӯфта, ҳам навбати дидор шуд!

Ҳар бор узре мениҳӣ в-аз дасти мастӣ меҷаҳӣ,
Ай ҷон, чи дафъам медиҳӣ, ин дафъи ту бисёр шуд!

Ай карда дил чун хорае, имшаб надорӣ чорае,
Ту моҳу мо исторае, истора бо маҳ ёр шуд!

Ай моҳи берун аз уфуқ, ай мо туро имшаб қунуқ,
Чун шаб ҷаҳонро шуд тутуқ, пинҳонравонро кор шуд!

Гар заҳмат аз ту бурдаам, пиндоштӣ, ки мурдаам,
Ту софиву ман дурдаам, бе соф дурдӣ хор шуд!

Аз васли ҳамчун рӯзи ту, дар ҳаҷри оламсӯзи ту,
Дар ишқи макромӯзи ту бас содадил айёр шуд!

Не таб будам, не дарди сар, сар мезадам девор-бар,
К-аз таъми он хуш гулшакар, қосид дилам бемор шуд!