Тавбаи ман дуруст нест, хамӯш

455

Тавбаи ман дуруст нест, хамӯш,
Мани бетавбаро ба кас мафурӯш!

Бандаи айбнокро бимарон,
Раҳмати хешро аз ӯ бимапӯш!

Ту самеъи замиру фикриву мо
Лаб бибаста ҳамезанем хурӯш!

Ҳар ғаму шодие, ки сурат баст,
Пеши тасвират аст хидматкӯш!

Нақш таслим гашта пеши қалам,
Гаҳ палангаш куниву гоҳе муш!

Менамояд фасурда ҳар чизам,
Ҳамчу деганд ҳар яке дар ҷӯш!

Мезанад наъраҳои пинҳонӣ,
Зарра-зарра чу мурғи марзангӯш!

Вақт омад, ки бишнавед асрор,
Мекушояд Худо шуморо гӯш!

Вақт омад, ки сабзпӯшон низ
Даррасанд аз равоқи арзақпӯш!