Тадбир кунад бандаву тақдир надонад

234

Тадбир кунад бандаву тақдир надонад,
Тадбир ба тақдири Худованд чӣ монад?!

Банда чу бияндешад, пайдост, чӣ бинад,
Ҳилат бикунад, лек Худойӣ бинадонад!

Гоме ду чунон ояд, к-ӯ рост ниҳодаст,
В-он гоҳ кӣ донад, ки куҷоҳош кашонад?!

Истеза макун, мамлакати ишқ талаб кун,
К-ин мамлакатат аз малакулмавт раҳонад!

Шаҳро ту шикоре шаву кам гир шикоре,
К-ишкори туро бози аҷал бозситонад!

Хомуш куну бигзин ту яке ҷойи қароре,
К-он ҷо, ки гузинӣ, малак он ҷо-т нишонад!