Тараби навҷавон зи пир маҷӯй

Тараби навҷавон зи пир маҷӯй,
Ки дигар н-ояд оби рафта ба ҷӯй.
Заръро чун расид вақти дарав,
Нахиромад чунон, ки сабзаи нав.