Даври ҷавонӣ бишуд аз дасти ман

Даври ҷавонӣ бишуд аз дасти ман,
Оҳу дареғ он замани дилфурӯз.

Қуввати сарпанҷаи шерӣ бирафт,
Розиям акнун ба пашизе чу юз.

Пирзане мӯй сияҳ карда буд,
Гуфтамаш: Эй момаки деринарӯз.

Мӯй ба талбис сияҳ карда гир.
Рост нахоҳад шудан ин пушти кӯз,