Туйӣ нақше, ки ҷонҳо барнатобад

240

Туйӣ нақше, ки ҷонҳо барнатобад,
Ки қанди ту даҳонҳо барнатобад!

Ҷаҳон гарчи ки сад рӯ дар ту дорад,
Ҷамолатро ҷаҳонҳо барнатобад!

Равон гаштанд ҷонҳо сӯйи ишқат,
Ки бо ишқат равонҳо барнатобад!

Даруни дил ниҳон нақшест аз ту,
Ки лутфашро ниҳонҳо барнатобад!

Чу хилватгоҳи ҷон ойӣ, хамаш кун,
Ки он хилват забонҳо барнатобад!

Баду нек ар бибинӣ, нек набвад,
Аз он бигзар, к-аз онҳо барнатобад!

Бигӯ ту номи Шамсуддини Табрез,
Ки номашро нишонҳо барнатобад!