Туро дар дилбарӣ дасте тамом аст

97

Туро дар дилбарӣ дасте тамом аст,
Маро дар бедилӣ дарду сақом аст!

Ба ҷуз бо рӯйи хубат ишқбозӣ
Ҳаром асту ҳаром асту ҳаром аст!

Ҳама фониву хони ваҳдати ту
Мудом асту мудом асту мудом аст!

Чу чашми худ бимолам, худ ҷузи ту
Кадом асту кадом асту кадом аст?!

Ҷаҳон бар рӯйи ту аз баҳри рӯпӯш
Ласом асту ласом асту ласом аст!

Ба ҳар лаб аз забони ишқ бар мо
Салом асту салом асту салом аст!

Зи ҳар зарра ба гуфти безабонӣ
Паём асту паём асту паём аст!

Ғаму шодии мо дар пеши тахтат
Ғулом асту ғулом асту ғулом аст!

Агарчи уштури ғам ҳаст гаргин,
Имом асту имом асту имом аст!

Паси он уштури шодии пуршир
Хитом асту хитом асту хитом аст!

Туро дар бинии ин ҳар ду уштур
Зимом асту зимом асту зимом аст!

На он шире, ки охир тифли ҷонро
Фитом асту фитом асту фитом аст!

Аз он шире, ки ҷӯйи хулд аз вай
Низом асту низом асту низом аст!

Хамуш кардам, ки ғайрат бар даҳонам
Лагом асту лагом асту лагом аст!